FAQ
Саволҳои маъмул
Ҷавоби саволҳои маъмулро инҷо ёбед
Оғоз
Сайт чӣ тавр месозам?
Ба қисмати "Сайти ман" равед → субдомен нависед (масалан: mybusiness) → тугмаи "Сайт созед" пахш кунед. Сайти шумо дар чанд сония омода мешавад ва дар суроғаи mybusiness.somonhost.com дастрас хоҳад буд.
Оғоз
Барои оғоз чӣ лозим аст?
Танҳо бақайдгирӣ кунед, тарифро интихоб кунед ва баланс пур кунед. Дар чанд дақиқа сайти шумо омода мешавад. Донишҳои техникӣ лозим нест.
Пардохт
Баланс чӣ тавр пур мекунам?
Ба қисмати "+ Пуркунӣ" равед → маблағ нависед → ба рақами корти нишондодашуда пул фиристед. Пас аз пардохт баланс дар чанд сония автоматӣ пур мешавад.
Пардохт
Кадом бонкҳо қабул мешаванд?
Ҳоло Корти Миллии Тоҷикистон (Эсхата, Амонат, Ориён, Молия ва дигар бонкҳо) қабул мешавад. Ба зудӣ Душанбе Сити ҳам илова мешавад.
Пардохт
Тариф чӣ тавр тамдид мешавад?
Дар қисмати "Сайти ман" тугмаи "Пардохт" пахш кунед. Маблағ аз баланси шумо автоматӣ кам мешавад ва мӯҳлати хостинг тамдид мегардад.
Домен
Домени худиро чӣ тавр пайваст кунам?
Ба қисмати "Домен" равед → "Домени мавҷуд пайваст кардан" интихоб кунед → дар панели домени худ A Record танзим кунед: @ → 167.86.67.170. Пас аз паҳн шудани DNS домен автоматӣ пайваст мешавад.
Домен
Домен чӣ тавр харидан мумкин аст?
Ба қисмати "Домен" равед → доменро ҷустуҷӯ кунед → нархро бинед ва харид кунед. Пас аз харид домен автоматӣ ба хостинги шумо пайваст мешавад.
Техникӣ
MySQL базаи маълумот чӣ тавр месозам?
Ба қисмати "MySQL" равед → "База созед" пахш кунед. Номи база, истифодабаранда ва парол нишон дода мешавад. Метавонед бо phpMyAdmin ҳам кор кунед.
Техникӣ
Файлҳоро чӣ тавр идора кунам?
Ба қисмати "Файлҳо" равед — File Manager кушода мешавад. Метавонед файл боргузорӣ, таҳрир, нусха ва нест кунед. ZIP файлҳоро ҳам кушода метавонед.
Техникӣ
Webhook чист?
Webhook имкон медиҳад ки бот ё барнома тавассути URL мустақим ба файли PHP-и шумо дастрасӣ пайдо кунад. Барои Telegram ботҳо хеле муфид аст.
Мушкилот
Сайтам чаро кор намекунад?
Аввал санҷед: 1) Файли index.php мавҷуд аст? 2) Мӯҳлати тариф тамом нашудааст? 3) Хатои PHP нест? Агар мушкил ҳал нашуд — ба дастгирии мо дар Telegram нависед.
Мушкилот
Дастгирӣ куҷост?
Telegram: @samonhos — Ҷавоб дар 5-15 дақиқа. Кории 24/7. Инчунин тавассути +992 005 221 554 тамос гиред.